Муколамаи якуми Женева оид ба масъалахои об

02.07.2022 15:00

1 июли соли 2022 дар Швейтсария нахустин Муколамаи Женева оид ба масъалахои об, ки аз ҷониби Намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Мисри Араб  созмон дода шудааст, баргузор гардид. Муколамаи мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO), «СММ-Об», Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), Раёсати  Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) ва созмони «Geneva Water Hub» дастгирӣ карда шуда, дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагони сатҳи баланди созмонҳои сохтори СММ ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии Муколамаи зикршуда гузоштани саҳми назарраси созмонҳо ва намояндагиҳои муқими ш. Женева ба Конфронси обии СММ-2023 ва инчунин, муайян ва пешниҳоди роҳҳои мушаххас барои суръат бахшидан ба ноил гаштан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва «Рӯзномаи 2030»-и СММ мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов дар бахши ифтитоҳии сатҳи баланд суханронӣ намуд. Ба иштирокчиен дар бораи Конфронси сатҳи баланд доир ба об, ки дар ш. Душанбе 6-9-уми июни соли равон баргузор гардид маълумот дода шуд.

Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур семинар бахшида ба муҳокимаи масоили об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ барпо гардид, ки он аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмони UNDRR ташкил карда шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg