Мулоқот бо Мудири кулли Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират

02.07.2022 15:05

1 июли соли 2022 дар Вена мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Мудири кулли Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) Михаэл Шпинделеггер баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳо бо созмони мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба имкониятҳои тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд. Ба ICMPD ҷиҳати амалӣ кардани лоиҳаи “Беҳтар намудани некӯаҳволии муҳоҷирати меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳори сипос карда шуд.

02,0702022,13,04.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg