Таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск

31.08.2022 21:45

30 августи соли 2022 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳангӣ ва истироҳатии “Победа”-и Новосибирск чорабинии идона баргузор намуд.

Дар ин чорабинӣ Муовини аввали раиси шаҳри Новосибирск Захаров Геннадий Павлович, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии дар Новосибирск аккредитатсияшуда, намояндагони зиёиёни илмӣ ва фарҳангии шаҳр, васоити ахбори омма, инчунин намояндагони диаспораи тоҷикон, донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақа таҳсил ва зиндагӣ мекунанд ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим ҳозиринро шодбош гуфта, изҳор намуд, ки маҳз ба шарофати эҳёи истиқлилоят пас аз ҳазор сол, ба мардуми тоҷик шароит фароҳам овард, ки пуштибони аз таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ намояд. 

Ҳамзамон, Консули генералӣ зимни суханронии хеш аз нақши ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувор, инчунин барқарор ва таҳкими робита бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск Захаров Г.П. мардуми тоҷикро бо ҷашни фархундаи миллӣ табрик намуда, ба комёбиҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдорӣ баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики стратегӣ ва боэътимоди Россия дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, варзиш ва маориф, инчунин маводи таблиғотӣ оид ба табиати беназир ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ошно менамуд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии идона гӯшаи  Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он ашёи гулдӯзии дастӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Илова бар ин, филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва мавзеъҳои таърихӣ ва табиати кишвар пешкаши меҳмонон гардид.

Чорабинии мазкур бо консерти ҷашнӣ ва намоиши рақсҳои миллӣ ба анҷом пазируфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg