17 ноябри соли 2022 дар шаҳри Новосибирск, пас аз танаффуси дусола бинобар маҳдудиятҳои эпидемиологӣ, вохӯрии солонаи раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот бо роҳбарони муассисаҳои консулӣ ва шуъбаҳои сафоратхонаҳои хориҷӣ, ки дар шаҳри Новосибирск фаъолият доранд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим, консулҳои генералии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардори шӯъбаи (дафтари) Сафорати Ҷумҳурии Арманистон ва роҳбари Намояндагии минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Новосибирск Николай Афонасов иштирок намуданд.
Зимни мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрдори Новосибирск ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирскро дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои тиб, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳӣ матраҳ намуданд. Ба масъалаҳои марбут ба вазъи буду бош ва мутобиқшавии ҳамватанон дар минтақа, мушкилоти мавҷуда дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Русия, мушкилоти мавҷудаи ҳуқуқӣ ва маишии муҳоҷирони меҳнатӣ тавааҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд. Қайд карда шуд, ки кишварҳо барои густариш ва рушди ҳамкориҳо захираву имкониятҳои зиёд дошта, Намояндагӣ омода аст ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо корбарӣ намояд.