18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Новосибирск бо дастгирии Ҳукумати вилояти Новосибирск бозии илмӣ-таълимии «Модели Новосибирскии Созмони ҳамкориҳои Шанхай 2022» бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ ва муассисаҳо ва ташкилотҳои илмии Сибир баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии иқтисод ва менеҷменти Новосибирск «НИНХ» ва АНО «Ҷамъияти тадқиқоти байналхалқии Сибир» танзим гардид.
Қобил ба зикр аст, ки Модели СҲШ, ин синтези конфронс ва бозии нақшофариниест, ки давоми чанд рӯз донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ ба дастаҳо иборат аз 3-4 нафар муттаҳид шуда, бо тақлид ба кори мақомоти Созмони ҳамкориҳои Шанхай кӯшиш мекунад, мавқеи дастаҷамъонаро оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия намояд.
Дар бозиҳои зикргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишкадаҳои олии шаҳрҳои Новосибирск, Кемерово ва Барнаул таҳсил мекунанд, намояндагӣ карданд.
Дар ин чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим иштирок ва суханронӣ намуда, ба иштирокчиён ва ташкилкунандагон дар баргузории он барору комёбиҳо таманно намуд.