23 ноябри соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Консулгарии генералӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони диаспораи тоҷикон ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши аксҳо ва филми ҳуҷҷатӣ аз рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пешкаш гардид.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик як марҳалаи муҳимест, ки ба хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва эътидоли вазъи сиёсӣ, инчунин ташаккули давлати ҳуқуқӣ, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон таъсири назаррасе гузошт.
Дар робита ба ин, Консули генералӣ ба таври муфассал оид ба марҳилаҳо ва роҳҳои ба даст овардани сулҳу ризоият, аҳамияти ҷаҳонӣ ва таърихӣ доштани таҷрибаи Тоҷикистон дар сарҷамъии миллат ва субот, инчунин нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Нақши бузург ва ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидсозии тамоми неруҳои пешрафта ва ҳалли низои шаҳрвандӣ таъкид гардида, ба иштироккунандагон оид ба дастовардҳои ахири сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои кишвар маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони диаспораи тоҷикон суханронӣ намуда, аҳамияти ин рӯзҳои таърихиро барои тамоми халқи тоҷик ва нақши ҳалкунандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноил шудан ба сулҳу ризоияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон таъкид намуданд.