8 декабри соли 2022 дар Донишкадаи идоракунии Сибир - филиали РАНХиГС конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Бунёди давлатдорӣ дар фазои пасошӯравӣ: дарсҳо аз гузашта ва хусусиятҳои муосир» дар шакли омехта бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ, муассисахои илмӣ ва ташкилотхо баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Донишкадаи идоракунии Сибир - филиали РАНХиГС, Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Саратов ба номи Н.Г. Чернишевски, Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин ва Ассотсиатсияи байналмилалии таҳқиқотии таърих ва фарҳанги олмониҳои Россия танзим гардид.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим дар ҷаласаи пленарии конфронси мазкур ширкат варзида, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар бораи ташаккули давлатдории он ва дурнамои рушди минбаъдаи кишвар суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ Давлатхоҷа Ятим ба ҳозирин аз роҳе, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият, дар бунёди давлати миллии худ тай кардааст маълумот дода, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишвари дорои иқтисодӣ устувор ва мавқеи хеш дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Узви баробарҳуқуқи аксари созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, як қатор ташаббусҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Консули генералӣ ҳамчунин қайд кард, ки бо назардошти вазъи кунунии сиёсии ҷаҳон, арзёбии равандҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ва мушкилоте, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ҷараён доранд, муайян намудани самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди онҳо аҳамияти бештар пайдо намудааст.