5 майи соли 2023 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск вохӯрии муваққатан иҷрокунандаи роҳбари муассисаи консулӣ Муродзода Фируз ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии диаспораи тоҷикони шаҳри Новосибирск баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ миёни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик табодули афкори судманд сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Новосибирск даъват ба амал оварда шуд, то дар чорабиниҳои дар пешистода фаъол ва созанда буда, дар ҳалли мушкилоти бамиёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт мусоидат карда, ташаббусҳо дар мавриди таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо дар хоки давлати иқоматро татбиқ намуда, фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавононро амалӣ намоянд.