6-11 августи соли 2023 сафари кории ҳайати ҳукуматӣ иборат аз намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрӣ бо соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Дар чаҳорчӯби сафар, мулоқотҳо бо намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардида, доир ба густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ ба хусус дар байни ҷавонон, риояи қонуну анъанаҳои кишвари иқомат ва дигар масоили мубрам мулоқот ва гуфтугуҳои судманд сурат гирифт.
Тибқи барномаи сафар, вохӯрии кории ҳайати кишвар бо консули генералӣ ва ҳайати консулгарӣ, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон, ки дар бозори "Левобережний" ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, бо роҳбарияти корхонаи истеҳсоли яхмос “Новосибхолод” ва бо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ин корхона фаъолият доранд, бо роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва донишҷӯёни тоҷик дар бинои “Дом национальных культур” шаҳри Новосибирск, бо шаҳрвандони кишвар дар маркази савдои “Хилокс” ва майдончаи футболи Донишгоҳи аграрӣ, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷирон дар маркази савдои “Дружба” ва бо шаҳрвандони кишвар дар масҷиди марказии шаҳри Новосибирск “Красина” баргузор гардид.