Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск

22.09.2023 23:14

21 сентябри соли 2023 бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо дастгирии диаспораи тоҷикони минтақа дар Хонаи фарҳангии миллатҳо ба номи Г.Д. Заволокина чорабинии идона баргузор намуд.

Дар чорабинӣ ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии дар Новосибирск аккредитатсияшуда, инчунин намояндагони диаспораи тоҷикон, донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақа таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо садо додани гимнҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ҳозиринро хайрамақдам гуфта,  ҳамватанонамонро бо ин рӯзи фархунда табрик карда, изҳор дошт, ки маҳз ба шарофати эҳёи истиқлилоят пас аз садсолҳо, ба мардуми тоҷик шароит фароҳам омад, ки пуштибони аз таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ намояд.  

Ҳамзамон, зимни суханронии хеш Консули генералӣ махсусан аз нақши ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ягонагии миллӣ ва рушди устувор, инчунин барқарор ва таҳкими робита бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Дар назди меҳмон, инчунин аз номи вилоят ва шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Вазири фарҳанги вилояти Новосибирск Грегул Оксана Василевна ва муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск Захаров Генадий Павлович суханронӣ намуданд. Дар суханрониҳои хеш онҳо ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуда, ба комёбиҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдорӣ баҳои баланд доданд.

Чорабиниро   барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари  таърихи бостонӣ,  фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз  анъанаҳои деринаи  халқи тоҷик  буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамзамон намоиши аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, варзиш ва маориф ошно ва  инчунин маводи таблиғотӣ оид ба табиати беназир ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии идона гӯшаи  Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он ашёи гулдӯзии дастӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Илова бар ин, филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва табиати кишвар пешкаши меҳмонон гардид.

Чорабинӣ дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg