Суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023

29.09.2023 16:10

Муҳтарам ширкаткунандагони форум!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо аз номи мардуми Тоҷикистон ба Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 хайрамақдам мегӯям.

Тайи чанд рӯз дар доираи омодагӣ ба баргузории форуми имрӯза шумо – меҳмонону соҳибкорони гиромӣ бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз наздик ошноӣ пайдо кардед.

Баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни онҳо ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон имконияти мусоид фароҳам меоварад.

Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо боиси густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва бахусус, байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди бахши хусусӣ ва нақши он афзалият медиҳад ва ин фаъолиятро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми пешрафт эътироф менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба таъмин намудани пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир карда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодӣ эътироф намудааст.

Мо доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасу содда гардонидани расмиёти маъмурӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодаем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси нақши таърихии мардуми куҳанбунёди тоҷик ва таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти стратегияи «дарҳои кушода» мо рушди робитаҳои ҳамкориро бо шарикони иқтисодиву тиҷоратии худ бисёр муҳим арзёбӣ менамоем.

Бо ин мақсад, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҷалби сармоя ва соддагардонии воридшавӣ ба иқтисоди кишвар мо дар тамоми самтҳо ислоҳотро амалӣ карда истодаем.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва соҳибкорони мо дар миёни доираҳои соҳибкорӣ ҳамчун шарикони боэътимод эътироф гардидаанд.

Рӯйхати кишварҳои бераводид ва аз низоми соддакардашудаи гирифтани раводид истифодакунанда мунтазам васеъ гардида, пурра бо низоми электронӣ амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, ки қадами дуюми оғози фаъолият мебошад, дар кишвари мо ба таври электронӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст.

Ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ самти дигари муҳимми сиёсати ислоҳот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоиди фаъолият кафолат дода мешавад.

Инчунин, сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромади бо асъори хориҷӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ бадастовардаашонро доранд ва ҷиҳати анҷом додани дигар амалиёти асъорӣ барои онҳо кафолати қонунӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мунтазам кам ё ихтисор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ раванди соддагардонии расмиёти маъмуриро таъмин намуда, ба ин васила барои гузариш ба қадами сеюми роҳандозии фаъолияти сармоягузорӣ замина гузошта мешавад.

Дар доираи ислоҳоти низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз то имрӯз як қатор тадбирҳои назаррас андешида шудаанд.

Коҳиш додани меъёрҳо, ихтисори баъзе намудҳои андоз, роҳандозии тартиби электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз ва ҳисоботи андоз, кам кардани шумораи санҷишҳо ва ҳимояи манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо ба ҳисоб мераванд.

Сармоягузорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ тавассути ташкили корхонаи муштарак ё дар асоси созишномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, консессияҳо ё созишномаи сармоягузорӣ ҳуқуқи озоди интихобро доранд ва ин раванд дар доираи қонунгузорӣ пурра танзим гардидааст.

Дар кишвар бо мақсади таъмин намудани заминаи устувори амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ механизми баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ, ки дорои имконияти пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ созишнома имзо кардааст.

Муҳтарам ширкаткунандагони форум!

Дар давоми даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвари мо ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он зиёда аз 44 миллиард сомониро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 45 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузории Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори иқтисоди он бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда муайян гардидаанд.

Яке аз чунин самтҳо «энергияи сабз», яъне бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама, неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ мебошад.

Гидроэнергетика, ки дар кишвар захираҳои он ҳамагӣ 4-5 фоиз истифода мешаванд, яке аз соҳаҳои муҳимтарини таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвари мо ба ҳисоб рафта, дар ин самт лоиҳаҳои сармоягузории зиёд амалӣ шуда истодаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ – неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3800 мегаватт амалӣ шуда истодааст, ки имконияти бо «барқи тоза» таъмин намудани на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои минтақаро низ доро мебошад.

Мо нақша дорем, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикии мамлакатро иловатан 4 ҳазор мегаватт афзоиш диҳем.

Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда, яъне «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад ва аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои номатлуби он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад.

Солҳои охир барои таъмини доимии аҳолӣ ва истеҳсолкунандагон бо «энергияи сабз» беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои иловагӣ ба кор андохта шудаанд.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон ба «энергияи сабз», ки аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад, вобастагии зиёд дорад.

Зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, алалхусус, коҳиши партовҳои гази карбон мебошад.

Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад, чунки кишвари мо дар «камарбанди офтобии ҷаҳон» қарор дошта, давомнокии рӯзҳои офтобӣ дар як сол аз 2000 то 3000 соатро ташкил медиҳад.

Зимнан, хотиррасон менамоям, ки маҳсулоти бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолшуда дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё аз пардохтҳои экологӣ, аз ҷумла андози «гази карбон» озод мебошад.

Соҳибкорони муҳтарам ба як нуктаи муҳим таваҷҷуҳ намоянд, ки дар Тоҷикистон асосҳои «иқтисоди сабз» муҳайё гардидаанд.

Имкониятҳои сармоягузории арсаи иқтисод ва бахшҳои дигари рушди Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои калон ва миёнаву хурд иртибот доранд.

Татбиқи лоиҳаи КАСА 1000, ки шабакаҳои барқии кишварҳои Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст мекунад, мисоли возеҳи имкониятҳои зикргардида мебошад.

Қаламрави Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шашсад кони канданиҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.

Вале имрӯз танҳо даҳҳо кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо беш аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.

Бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.

Хотирнишон менамоям, ки панҷ соли оянда дар Тоҷикистон солҳои саноатикунонии кишвар эълон шудааст.

Татбиқи тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми кишвар, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш афзалиятнок мебошад.

Дар ин раванд, то ба ҳол як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардидаанд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда мусоидат намуданд.

Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва «алюминийи сабз» то маҳсулоти ниҳоӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд.

Тоҷикистон бо дарназардошти истифодаи «алюминийи сабз», «энергияи сабз», литий ва имкониятҳои васеи содиротӣ метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.

Илова бар ин, дар кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.

Ин минтақаҳо корхонаҳои коркарди нафт, сементбарорӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургӣ ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро дар бар хоҳанд гирифт.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии мо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Шумо низ – сармоягузорони муҳтарам, метавонед дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоед.

Дар кишвари мо бо мақсади беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор километр роҳҳои замонавии мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Иштироки сармоягузорон дар амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар ҳамкориҳои иқтисодиро дар минтақа ба сатҳи сифатан нав мерасонад ва мо умед дорем, ки шумо – ҳозирини муҳтарам, ин нуктаи муҳимро дар мадди назар хоҳед дошт.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пирях мавҷуд буда, 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд.

Табиати зебо ва иқлими мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза парвариш карда шавад.

Аз ин лиҳоз, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар имкониятҳои ҷолиб мавҷуданд.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ таъсис додани корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ, замбӯриасалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, оби баландсифати нӯшокӣ – бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна – барои шарикони мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.

Воқеан, Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва тавре ки шумо – соҳибкорони муҳтарам медонед, оби босифати ошомиданӣ яке аз омилҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама, барои саломатии одамон, инчунин, барои рушди саноати коркард, бахусус, истеҳсолоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, хотирнишон менамоям, ки захираҳои намаки ошӣ дар Тоҷикистон беш аз 72 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд, ки барои зиёда аз 300 таъмин намудани талаботи истеъмолии тамоми сокинони сайёра ба ин намуди маҳсулот басанда мебошанд.

Мо ташаббуси сармоягузоронро вобаста ба таъсиси марказҳои логистикии «сабз» бо хушӣ мепазирем.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор аст ва табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад.

Қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро ҳар сол барои саёҳат ба кишвари мо ҷалб менамоянд ва шумораи сайёҳон сол ба сол афзоиш меёбад.

Соли 2022 шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, қариб ба як миллион нафар расидааст ва интизор меравад, ки соли ҷорӣ ин шумора як миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил хоҳад кард.

Дар баробари ин, мавҷудияти намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи дорусозӣ имконияти зиёд фароҳам овардааст.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз панҷ ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд.

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузоронро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида баррасӣ карда, онҳоро дастгирӣ намояд.

Аз фурсат истифода бурда, шумо – сармоягузорони гиромиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштарак дар самтҳои гуногун даъват менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, мо омодагии худро барои муайян намудани унсурҳои калидии ҳамкории дарозмуддат дар асоси манфиатҳои мутақобила иброз менамоем.

Аз сармоягузорони дар ин форум ҳузурдошта эҳтиромона даъват ба амал меоварам, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ҳарчи бештар саҳм гузоранд.

Ҳар як иқдоми шумо – сармоягузорон ва соҳибкорони муҳтарам, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷонибдорӣ пайдо хоҳад кард.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва дар фаъолияти кориатон барору муваффақият орзу менамоям.

Саломат бошед!

 

http://president.tj/node/31549

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg