Мулоқоти консули генералӣ бо ҳамватанон

13.02.2024 18:14

12 феврали соли 2024 бо ибтикори консулгарии генералӣ ва ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавии “Маркази ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён” дар хонаи фарҳанг ва эҷодии ба номи. В.П. Чкалов, мулоқоти консули генералӣ бо ҳамватанони муқими вилояти Новосибирск баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии вилояти Новосибирск, намояндагони диаспораи тоҷикон, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин вилоят таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, инчунин намояндагони сохторҳои қудратӣ ширкат доштанд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва корҳои тарбиявӣ ба ҳисоб мерафт.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин зимни суханронии худ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар марҳалаи кунунӣ, нақши афзояндаи он дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, инчунин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маълумоти муфассал дод. Инчунин дар рафти вохӯрӣ мавқеи хоси сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва рушди ҷавонон, саҳми арзандаи онҳо дар рушди имрӯзу фардои кишвар зикр гардид.

Консули генералӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар чорабиниҳои дар пешистода фаъол, ҳамкориҳо байни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус дар байни ҷавонон густариш дода, дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт мусоидат, ташаббусҳо дар мавриди таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо дар хоки давлати иқоматро татбиқ ва фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавононро амалӣ намоянд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg