Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия

01.03.2024 12:38

29 феврали соли 2024 дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо раванди густариши муносибатҳои дуҷониба, алалхусус дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, маориф ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои худро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани форум табрик гуфт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg