Вохӯрии Консули генералӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Новосибирск

02.03.2024 00:04

1 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Новосибирск Болтенко Надежда Николаевна вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони ноболиғи тоҷик, аз ҷумла шароити будубош ва мутобиқшавии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштарак байни Консулгарии генералӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Новосибирск изҳор намуданд.

Мусоҳибон вазъи кунунии ҳамкориҳоро мусбат арзёбӣ карда, бархе аз паҳлӯҳои дурнамои он, аз қабили масъалаҳои ҳамкории ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Новосибирск, инчунин татбиқи чорабиниҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина, Консули генералӣ омодагии худро барои роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Новосибирск изҳор дошт.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg