16 марти соли 2024 дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҷмааи варзишию фароғатии «Темп»-и шаҳри Новосибирск мусобиқаи намудҳои миллии гуштингирӣ ва кураш баргузор гардид.
Қобил ба зикр аст, ки мусобиқа аз рӯи намудҳои миллии варзиш ва бахше аз ҷашнҳои анъанавии баҳорист, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи автономияҳои миллӣ-фарҳангӣ ва созмонҳои миллии шаҳри Новосибирск ва вилояти Новосибирск «Иттиҳод» ва Хонаи фарҳанги миллатҳо ба номи Г.Д. Заволокина ташкил карда шудааст.
Барои гирифтани унвони қаҳрамонӣ беҳтарин гуштингирони шаҳри Новосибирск ва ноҳияҳои атрофи он аз рӯи чор намуди вазн мубориза бурданд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар чорабинии зикргардида Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ширкат варзида, дар ифтитоҳи он суханронӣ намуд.
Консули генералӣ зимни суханронии худ ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи дар пешистода табрик намуда, ба иштирокчиён бурдбориҳо таманно намуда, инчунин оид ба таърихи гӯштини тоҷикӣ ва мақоми байналмилалии он маълумот пешниҳод намуд.