19 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин дар маросими кушодашавии конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “LIBWAY-2024: Илм, технология ва маълумот дар китобхона”, ки дар шаҳри Бердск баргузор гардид, иштирок намуд.
Ҳамзамон дар ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Ҷумъахон Хол иштирок намуда, дар мавзӯи «Захираҳои электронӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон: иқтидор ва стратегияи рушд», лоиҳаҳои фарҳангию маърифатии ҷумҳурӣ, нақши китобхонаҳо дар иртиботи байнифарҳангӣ, технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ суханронӣ намуд.
Дар доираи чорабинӣ Созишномаи ҳамкории фаъолияти таҳқиқоти илмӣ, илмию ташкилӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар заминаи технологияи китобдорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии оммавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир ба имзо расид.
Қобил ба зикр аст, ки конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “LIBWAY-2024: Илм, технология ва маълумот дар китобхона” яке аз бузургтарин анҷуманҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба масъалаҳои мубрами рушди китобдорӣ, низоми иттилоотӣ ва технологияҳо бахшида шудааст. Конфронс ҳамасола аз 18 то 21 март дар вилояти Новосибирск баргузор шуда, коршиносони варзидаи ҷаҳонро гирди ҳам меорад. Дар чорабинӣ олимон ва кормандони китобхонаҳои 23 кишвари ҷаҳон ва намояндагони минтақаҳои Россия иштирок доштанд.