Ташрифи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии худмухтори фарҳангии вилояти Новосибирск “Боғи таърихии “Кишвари ман-таърихи ман”

04.04.2024 00:50

2 апрели соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ба муассисаи давлатии худмухтори фарҳангии вилояти Новосибирск “Боғи таърихии “Кишвари ман – таърихи ман” бо мақсади шиносоӣ аз кору фаъолияти ин муассиса ташриф овард. Дар доираи ин ташриф бо директори муассисаи давлатии худмухтори фарҳангии вилояти Новосибирск “Боғи таърихии “Кишвари ман – таърихи ман” Пронин Алексей Олегович вохурӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва муассисаи давлатии худмухтори фарҳангии вилояти Новосибирск “Боғи таърихии “Кишвари ман – таърихи ман”, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили вохӯриҳои коршиносон, баргузории чорабиниҳои муштарак, инчунин ба имзо расидани санади дахлдори ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Консули генералӣ омодагии худро барои минбаъд низ дар рушди ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва муассисаи давлатии худмухтори фарҳангии вилояти Новосибирск “Боғи таърихии “Кишвари ман – таърихи ман” изҳор дошт.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg