11-13 апрели соли ҷорӣ бо даъвати Губернатори вилояти Кемерово – Кузбасс Сивилев Сергей Евгеневич ҷиҳати иштирок дар сеюмин ҳамоиши байналамилалӣ бахшида ба Юрий Гагарин сафари кории консули генералӣ ба вилояти Кемерово баргузор гардид.
Дар доираи ин сафар вохӯриҳо ва суҳбатҳои консули генералӣ бо роҳбарият ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони вилояти Кемерово ва шаҳри Новокузнетск, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, донишҷуён, намояндагони уламои дин ва ғайра танзим карда шуд.