26-27 апрели соли ҷорӣ сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба вилояти Иркутски Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорчӯби сафар бо Губернатори вилояти Иркутск Кобзев И.И., роҳбари намояндагии минтақавии вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар вилояти Иркутск Курбатова Л.А., роҳбарият ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Иркутск ва донишҷӯёни тоҷик вохӯриҳо доир карда шуданд.
Дар вохӯриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавии дуҷониба, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақа кору фаъолият доранд, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.