13-15 майи соли 2024 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Хабаровск баргузор гардид.
Дар доираи сафар вохӯриҳо бо намояндагони диаспораи тоҷикон ва фаъолон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии шаҳри Хабаровск таҳсил мекунанд, доир гардид.
13 майи соли 2024 дар вохӯрӣ бо роҳбарони диаспораи тоҷикон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони онҳо Консули генералӣ ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, роҷеъ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамчунин консули генералӣ дар зимн аҳаммияти нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанонро таъкид намуд. Илова бар ин, зарурати риояи қонуну қоидаҳои будубош дар Россия таъкид карда шуд.
Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот пешниҳод гардид.
Худи ҳамон рӯз консули генералӣ бо донишҷӯёне, ки дар Донишгоҳи давлатии техникии Хабаровск ва Донишгоҳи давлатии нақлиёти Шарқи Дур таҳсил мекунанд, вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба раванди таълим, шароити зиндагӣ, консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Консули генералӣ таъкид дошт, ки имрӯз Ҳукумати кишвар ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёни хориҷи кишвар умеди зиёд дорад.
Дар робита ба ин, консули генералӣ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, то дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд. Пешниҳод гардид, то дар вақти берун аз дарс ҳарчи бештар ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, илму техникаи пешрафта, касбу ҳунарҳои замонавӣ мароқ зоҳир намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.
Ҳамзамон дар чаҳорчӯби сафар рӯзи 14 майи соли 2024 мулоқоти консули генералӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори яклухт ва чаканаи ҶДММ «Алконост» ва ҶДММ «Недвижимость» фаъолият мекунанд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шароити будубош, ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, то қонунҳои кишвари иқоматро риоя карда аз нақзи меъёрҳои ҳуқуқӣ худдорӣ намоянд.
Инчунин, дар доираи сафар ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хабаровск кору зиндагӣ мекунанд, хизматрасонии консулӣ расонида шуд.