Сафари кории консули генералӣ ба кишвари Приморск

20.05.2024 18:46

16-18 майи соли 2024 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ба кишвари Приморски Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ вохӯриҳо бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии минтақа Алексей Колмогоров ва роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Владивосток Броваретс Андрей Петрович баргузор гардиданд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Приморскро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба шароити будубош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа зоҳир шуд.

Ҳамчунин, дар доираи сафар вохӯрии консули генералӣ бо роҳбарон ва намояндагони диаспораи тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии минтақа таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ консули генералӣ ба ҳозирин қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро шарҳ дода, дар бораи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Россия маълумот пешниҳод намуд. Таваҷҷуҳи хосса ба масоили пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ, таълиму тарбияи дунявӣ барои ҳамватанон равона гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg