«Хониши баланд»-и афсонаҳои халқии тоҷик дар китобхонаи давлатии оммавӣ илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир

26.05.2024 00:53

25 майи соли 2024 бо мусоидати консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ва дастгирии китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир чорабинии фарҳангии «Хониши баланд» дар мавзуи афсонаҳои халқии тоҷик баргузор гардид.

Дар чорабинӣ фарзандони дипломатҳои консулгарии генералӣ, диаспораи тоҷикон, инчунин кӯдакону волидон аз Новосибирск фаъолона ширкат варзиданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ҳозиринро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки халқи тоҷик таърихи ҳазорсолаи достони мардумӣ дошта, афсонаҳои тоҷикӣ на танҳо ҷолиб, балки ҳикматангез буда, қадр кардани меҳрубонӣ ва садоқат, ростгӯӣ, илмдӯстӣ ва хушахлоқиро меомӯзанд.

Ба меҳмонон афсонаи тоҷикии «Рӯбоҳи маккор ва гурги нодон» пешкаш гардида, намояндагони ҷавони тоҷик ҳамсолони худро бо зиндагӣ ва анъанаҳои Тоҷикистон шинос намуданд. Илова бар ин, филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва идҳо, либосҳои миллӣ, инчунин мавзеъҳои таърихӣ ва табиати кишвар пешкаши меҳмонон гардид.

Дар доираи чорабинӣ ба китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир китобҳои афсонаҳои халқи тоҷик ба забони русӣ тақдим карда шуд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg