Сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Якутск

27.05.2024 18:31

23-25 ​​майи соли 2024 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Якутск баргузор гардид.

Дар доираи сафари корӣ санаи 23 майи соли 2024 вохӯриҳо бо муовинони вазири робитаҳои беруна ва кор бо халқҳои Ҷумҳурии Саха Хатиликов С.А., Пяткина Т. Н. ва намояндаи минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Якутск Сидорова В. И. доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Саха, ташкили ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамкории минбаъда оид ба ин масъала, инчунин бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Саха, ҳаёт ва фаъолияти диаспораи тоҷик, мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии тоҷиконе, ки ба фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, баррасӣ гардиданд.

Дар чорчӯби сафар 24 майи соли 2024 консули генералӣ бо донишҷӯёни дар муассисаҳои олии таълимии минтақа аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда, инчунин роҳбарони диаспораи тоҷикон ва фаъолони онҳо вохӯрӣ анҷом дод.  Зимни вохӯрӣ аҳаммияти нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанон таъкид гардид. Зарурати риояи қонуну қоидаҳои будубош дар Россия махсусан таъкид карда шуд. Инчунин маълумот оид ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ба ҳозирин расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg