31 майи соли 2024 вохӯрии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии диаспораи тоҷикони шаҳри Новосибирск баргузор гардид. Инчунин дар вохӯрӣ Юсуфалиев Бахром, намояндаи навтаъйини хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибири Федератсияи Россия ширкат дошт.
Дар вохӯрӣ табодули афкори судманд роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вобаста ба масоили мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ миёни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ консули генералӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, то дар чорабиниҳои дар пешистода фаъол ва созанда буда, дар ҳалли мушкилоти бамиёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт мусоидат карда, ташаббусҳо дар мавриди таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо дар хоки давлати иқоматро татбиқ намуда, густариши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ миёни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик ва фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавононро амалӣ намоянд.