Сафари кории консули генералӣ ба шаҳри Бердск

17.06.2024 14:43

15 июни соли 2024 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба шаҳри Бердск баргузор гардид.

Дар доираи сафар вохӯриҳо бо директори корхонаи хиштбарории Бердск ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин корхона кор мекунанд, инчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар филиали муассисаи давлатии худмухтории касбии таълимии Бердски вилояти Новосибирск “Колеҷи тиббии Новосибирск” таҳсил менамоянд, доир гардид.

Зимни вохӯрӣ бо директори корхонаи хиштбарории Бердск Белов В.В. дурнамои ҳамкорӣ, инчунин ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ бо муҳоҷирони корӣ доир ба масъалаҳои шароити будубош, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, то қонунҳои кишвари иқоматро риоя карда, аз нақзи меъёрҳои ҳуқуқӣ худдорӣ намоянд.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба раванди таълим, шароити зиндагӣ, консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg