Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.06.2024 22:14

26 июни соли 2024 дар бинои консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони чамъиятҳо ва донишҷӯён тоҷикон ширкат доштанд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамватанонамонро бо ин рӯзи фархунда табрик карда, ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар даврони истиқлол арзёбӣ намуда, аҳамияти бунёдии ин падидаро дар таҳкими давлатдории муосири тоҷикон ва пойдории пояҳои истиқлолияти Тоҷикистон таъкид кард.

Марҳилаҳо ва роҳҳои ба даст овардани сулҳу ризоиятро ба таври муфассал таҳлил намуда, консули генералӣ оид ба аҳамияти ҷаҳонӣ ва таърихӣ доштани таҷрибаи Тоҷикистон дар сарҷамъии миллат ва субот, инчунин нақши таърихии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Нақши бузург ва ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидсозии тамоми неруҳо ва ҳалли низои шаҳрвандӣ таъкид гардид. Ҳамчунин консули генералӣ ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони диаспораи тоҷикон суханронӣ намуда, аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро барои тамоми халқи тоҷик ва нақши ҳалкунандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноил шудан ба сулҳу ризоияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон таъкид карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ консули генералӣ аз ишитрокчиён ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ, саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳои дар қаламрави давлати иқомат равона шудаанд даъват ба амал овард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg