Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.09.2024 12:15

17 сентябри соли 2024 дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҳозиринро хайрамақдам гуфта, зимни суханронӣ қайд намуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол имкони эҳёи давлатдории миллӣ, таърих, забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои неки миллиро пайдо кард.

Ҳамчунин, консули генералӣ зимни суханронии хеш, махсусан аз нақши ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ноил гардидан ба сулҳу ризоияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувор, инчунин барқарор ва таҳкими робита бо ҷомеаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ фаъолони диаспораи тоҷикон суханронӣ намуда, аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро барои тамоми халқи тоҷик ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноил шудан ба сулҳу ризоияти миллӣ таъкид карданд.

Дар чорабинӣ намояндагони зиёиёни тоҷики Новосибирск, фарҳанг, илм, диаспораи тоҷикон ва донишҷӯён ширкат намуданд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg