Рӯзҳои 20-22 сентябри соли 2024 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Красноярск баргузор гардид.
Дар доираи сафар рӯзи 20 сентябр дар бинои Бахши созмони динии мусулмонони маҳаллӣ дар Красноярск консули генералӣ бо ҳамватанон ва фаъолони диаспораи тоҷикони ин шаҳр вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ консули генералӣ аз ҳамаи ҳозирин даъват ба амал овард, то дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба суннат ва фарҳанги ниёгон, кумаки саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу тифоқ байни миллатҳо ва амалинамоии фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавонон нигаронида шудаанд, саҳмгузор бошанд.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ консули генералӣ 21 сентябри соли 2024 дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Мушкилот ва мутобиқшавии донишҷӯёни хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия» иштирок намуда, дар мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ доир ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим ва шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик табодули афкор сурат гирифт.
Консули генералӣ дар суханронии худ дар бораи тадбирҳои аз ҷониби ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар андешидашуда суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷики хориҷи кишвар умеди зиёд дорад ва аз усулҳои муосири таълим дар донишгоҳҳое, ки донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд ва шароит барои онҳо фароҳам оварда шуда, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Худи ҳамон рӯз консули генералӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги тоҷикон дар кишвари Красноярск иштирок ва суханронӣ намуд.