Иштироки консули генералӣ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии илмии «Сохти новосибирскии назми нави ҷаҳонӣ: БРИКС, СҲШ, СААД»

17.10.2024 17:34

17 октябри соли 2024 дар шаҳри Новосибирск маросими ифтитоҳи бозии байналмилалии илмии «Сохти новосибирскии назми нави ҷаҳонӣ: БРИКС, СҲШ, СААД» бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои илмии Сибир баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии иқтисод ва менеҷменти Новосибирск «НИНХ» ва АНО «Ҷамъияти тадқиқоти байналхалқии Сибир» танзим гардид.

Қобили зикр аст, ки «Сохти новосибирскии назми нави ҷаҳонӣ: БРИКС, СҲШ, СААД» маҷмӯи форматҳои таълимӣ, илмӣ ва бозӣ мебошад, ки дар давоми чанд рӯз донишҷӯён ба кори мақомоти созмонҳо тақлид карда, кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрам дар фазои Аврупоро дарёфт намоянд.

Дар бозиҳои зикршуда, ки аз 17 то 19 октябри соли 2024 баргузор мешаванд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, ширкат меварзанд.

Дар ин чорабинӣ консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин иштирок ва суханронӣ намуда, ба иштирокчиён ва ташкилкунандагон дар баргузории он барору комёбиҳо таманно намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg