Вохӯрии консули генералӣ бо директори Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Академияи илмҳои Россия дар Сибир

18.10.2024 15:15

18 октябри соли 2024 вохӯрии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин бо директори Маркази федералии илмии агробиотехнологияи Академияи илмҳои Россия дар Сибир Голохваст Кирилл Сергеевич баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни маркази илмии мазкур ва ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистонро баррасӣ намуда, оид ба ҳамкориҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили вохӯриҳои доираҳои илмӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Қайд карда шуд, ки кишварҳо барои тавсеа ва рушди ҳамкориҳо дар ин самт захираҳои бузург ва имконоти фаровон доранд. Дар ин замина, консули генералӣ барои расонидани мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи агробиотехнология ва дигар соҳаҳои саноати кишоварзии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, омодагии худро изҳор намуд.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg