18 октябри соли 2024 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин аз Маркази боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия дар вилояти Новосибирск боздид намуда, бо сардори марказ Советский Евгений Александрович, инчунин шаҳрвандони кишвар вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ бо роҳбарияти марказ масъалаҳои ҷорӣ ва марбут ба шароити будубоши шаҳрвандони тоҷик дар маркази мазкур, инчунин равобити минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандон масъалаҳои марбут ба шароити нигоҳдории онҳо баррасӣ шуда, ба онҳо қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва будубоши онҳо, оқибатҳои вайронкунии қоидаҳои будубош, инчунин тартиби баррасии чунин қоидавайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор фаҳмонда шуд.