24-25 октябри соли 2024 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Барнаули кишвари Олтой баргузор гардид.
Дар доираи сафар 24 октябри соли 2024 консули генералӣ бо муовини ректор оид ба рушди фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Олтой Р.И.Райкин ва донишҷӯёни тоҷике, ки дар мактабҳои олии шаҳр таҳсил мекунанд, вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот бо муовини ректор рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин раванди таълим, шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ баррасӣ шуд. Консули генералӣ зимни табодули афкор оид ба омода кардани мутахассисони баландихтисос аз усулҳои муосири таълим дар донишгоҳ ва шароит барои донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён доир ба раванди таълим, шароити зисту зиндагонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик табодули афкор сурат гирифт. Консули генералӣ қайд кард, ки имрӯз Ҳукумати кишвар ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкарда умеди зиёд дорад.
Худи ҳамон рӯз консули генералӣ бо фаъолони диаспораи тоҷик ва муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ консули генералӣ ба зарурати нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии раҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанон, ки воситаи асосии таҳкибахши равобит миёни онҳо мебошад, даъват ба амал овард. Илова бар ин, зарурати риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубош дар Россия таъкид карда шуд.
Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда, маълумот пешкаш гардид.
Ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ консули генералӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, то дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба суннат ва фарҳанги ниёгон, кумаки саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу тифоқ байни миллатҳо ва амалинамоии фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавонон нигаронида шудаанд, саҳмгузор бошанд.
25 октябри соли 2024 вохӯрии консули генералӣ ва роҳбари мақомоти ҳудудӣ – Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Барнаул Королев Михаил Юревич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои кунунӣ ва дурнамои рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Олтой, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин дигар масоили мавриди таваҷуҳи тарафайн баррасӣ карда шуданд.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти консули генералӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори меваи «Фруктовый рай» фаъолият мекунанд, баргузор гардида, роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба шароити будубош, ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия табодули афкор сурат гирифт.