12 ноябри соли 2024 ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо иштироки роҳбарон ва фаъолони диаспораҳои тоҷики ин минтақа чорабинии идона баргузор гардид. Зимни чорабинӣ консули генералӣ суханронӣ намуда, аз дастовардҳои назарраси кишвар ёдовар шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд. Зимнан роҳбарони диаспораҳои тоҷик суханрони намуда, иштирокдоронро бо ин чорабинии идона табрик намуданд.