22-24 ноябри соли 2024 сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба вилояти Иркутски Федератсияи Россия доир шуд.
Дар рафти сафар бо роҳбари намояндагии минтақавии вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар вилояти Иркутск Котелников А.А., ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский Дмитриев Н.Н., ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ Репетский О.В., инчунин донишҷӯёни тоҷик, роҳбарият ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Иркутск мулоқотҳо баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавии дуҷониба, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақа кору фаъолият ва таҳсил доранд, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.