Сафари кории консули генералӣ ба вилояти Кемерово – Кузбасс

13.12.2024 14:04

11-12 декабри соли 2024 бо даъвати Середюк И.В. - Губернатори вилояти Кемерово – Кузбасси Федератсияи Россия сафари кории консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба вилояти Кемерово доир шуд.

Дар рафти сафар вохӯрии консули генералӣ бо губернатори вилояти Кемерово баргузор шуда, ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар соҳаҳои гуногунро баррасӣ намуданд.

Инчунин, дар ҳошияи сафар вохӯрии консули генералӣ бо роҳбарони диаспора, донишҷуён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вилояти Кемерово танзим гардида, ба ҳамватанон оиди қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ,  оқибатҳои вайрон кардани он, тартиби барасии ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg