Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

28.12.2024 16:41

28 декабри соли 2024 дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони консулгарӣ, роҳбарону аъзоёни ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg