Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.02.2025 21:29

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи Сибир ва Шарқи Дур иқомат доранд, расонида мешавад, ки 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносиб дар Консулгарии генералии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар суроғаи шаҳри Новосибирск, кучаи Нижегородская 4 участкаи интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд 2 марти соли 2025 дар интихоботи мазкур иштирок намоянд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg