28 феврали соли 2025 вохӯрии намояндагони Консулгарии генералӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду Масҷиди калонтарини шаҳри Новосибирск воқеъ дар кучаҳои Красина 58/1 ва Мира 65/4 баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ба шаҳрвандон роҷеъ ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.2024 таҳти №1126 "Барои танзими мақоми ҳуқуқии баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия дар робита ба татбиқи реҷаи ихроҷ" маълумот дода шуд. Инчунин маълумоти зарурӣ ҷиҳати пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, худдорӣ аз ворид шудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба саҳми шаҳрвандони кишвар расонида шуд.
Зимнан ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон оид ба таъсиси участкаи интихоботӣ дар Консулгарии генералӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, маълумоти зарурӣ расонида шуда, ҷиҳати иштироки фаъол доштан дар ин мъракаи сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.