2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бо муваффақият баргузор гардид.
Ба ин муносиб дар Консулгарии генералии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар суроғаи шаҳри Новосибирск, кучаи Нижегородская 4 аз соати 06:00 то 18:00 участкаи интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он шаҳрвандони кишвар аз ҷумла донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолона иштирок намуданд.