7-10 апрели соли 2025 сафари ҳайати сайёҳии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Холматиён ва роҳбарони як қатор осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии кишвар ба шаҳри Новосибирск сурат гирифт.
Зимни сафар вохурии Р. Холматиён бо А. Винникова муовини вазири рушди иқтисоди Новосибирск доир гардид. Ҷонибҳо доираи васеи тақвият бахшидани ҳамкориҳои минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Новосибирскро хусусан дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Роҳбарони осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон рӯнамоии осоишгоҳҳо ва мавзеъоти таърихии кишварро пешниҳод карда дар навбати худ бо ҳамтоёнашон аз Новосибирск масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои сайёҳиро мубодилаи афкор намуданд.