11 апрели соли 2025 дар меҳмонхонаи “Double Tree by Hilton”-и шаҳри Новосибирск чорабинии идона бахшида ба ҷашни “Наврӯз” ва “Сайри гули лола” бо иштироки намояндагони воломақоми Ҳукумати вилоят ва шаҳри Новосибирск, роҳбарияти намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, намояндагиҳои дипломатии шаҳри иқомат, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Ба ҳозирин намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои табиию табобатии Тоҷикистон тариқи видеороликҳо муаррифӣ гардиданд.