4 июни соли 2025 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо директори Китобхонаи давлатии оммавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир Лизунова Ирина Владимировна вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо байни китобхонаҳо ва пажуҳишгоҳҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили вохӯриҳои коршиносон ва баргузории чорабиниҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Консули генералӣ омодагии худро барои минбаъд низ дар рушди ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии омавии илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Сибир изҳор дошт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.