Иштироки корманди Консулгарии Генералӣ дар мулоқоти корӣ бо губернатори вилояти Омск

12.12.2025 23:28

25 ноябри соли 2025 котиби сеюми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Бобоев Сулаймон дар вохӯрии кории губернатори вилояти Омск ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Омск иштирок намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Омск дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg