Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ВКХ ИДМ

17.04.2026 18:41

17 апрели соли 2026 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он нишаст зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои Созмон перомуни мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи вежа ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои гуманитарию фарҳангӣ миёни давлатҳои Иттиҳод зоҳир гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ пешниҳод кард, ки истеҳсол ва намоиши васеи филмҳои инъикосгари саҳми муштарак ва қаҳрамонии ҳамаи мардумони кишварҳои Иттиҳод дар пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъол роҳандозӣ шавад.

Аз натиҷаи нишасти вазирони корҳои хориҷӣ якчанд қарорҳои марбут ба тақвият ва рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷанба байни кишварҳои ИДМ қабул шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg