
Исмоилзода Зарина
Насаб, ном: Исмоилзода Зарина
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷрибаи корӣ: аз соли 2002 дар низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2002-2006 - мутахассиси пешбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2007-2009 - котиби сеюми Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2011 - котиби дуюми Шуъбаи хизматрасонии консулии Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2011-2014 - котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғистон;
Солҳои 2014-2016 - котиби якуми Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2016-2019 - сардори Шуъбаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2019-2021 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон;
Солҳои 2021-2022 - мушовири Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2022-2023 - сардори шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2023-2025 - муовини сардор - сардори шуъбаи иттилоот, нашрияҳои чопӣ ва электронии Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз моҳи ноябри соли 2025 – консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия.
Маълумот: олӣ, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
Унвони илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ.
Донистани забонҳои хориҷӣ: рӯсӣ ва англиси.