Мулоқоти Консули генералӣ бо Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия

26.07.2017 21:05

1.jpg

26 июли соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Шамсиддин Зардӣ бо Губернатори вилояти Новосибирск Городетский Владимир Филиппович доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои гуногун мавриди эҳтимоми ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои вилояти Новосибирск, роҳҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, масъалаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Новосибирск изҳори ақида намудаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg