1 августи соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Шамсиддин Зардӣ бо Раиси шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Локот Анатолий Евгеньевич доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷонибаи соҳаҳои иқтисод, илму фарҳанг миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Новосибирск мавриди баррасӣ қарор доданд. Гузашта аз ин, ҷонибҳо омодагии худро ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо, ки ба таҳкими робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.