2 марти соли 2018 мулоқоти Консули генералӣ Ш. Зардӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Шалабаева Нина Николаевна баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои вилояти Новосибирски Федератсияи Россия, нигоҳ доштани шаҳрвандон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон оид ба поймол гардидани ҳуқуқашон мавриди гуфтугузор қарор гирифт.