Мулоқоти Консули генералӣ бо Губернатори вилояти Томски Федератсияи Россия

10.11.2017 15:38

05.jpg

10 ноябри соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Шамсиддин Зардӣ бо Губернатори вилояти Томски Федератсияи Россия Сергей Жвачкин доир гардид.

Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Инчунин, масъалаи ҳамкориҳои мутақобила судманд миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Томск изҳори ақида гардид. Таъкид гардид, ки мубодилаи мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Томск дар соли 2016 ба 1,4 миллион доллари ИМА расид.

Ҳамчунин, дар рафти вохурӣ масъалаи илму маориф ва фарҳанг  алоҳида барррасӣ шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Томск 240 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg