28 декабри соли 2020 вохӯрии Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирски Федератсияи Россия Давлатхоҷа Ятим бо Намояндаи ВКХ ФР дар ш. Новосибирск Афонасов Николай Алексеевич, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, Давлатхоҷа Ятим ба Афонасов Николай Алексеевич нусхаи Патенти консулии худро супорид. Ҳамчунин ҳолати имрӯзаи ҳамкории дуҷониба, роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани он, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва имконоти баргардонии онҳо ба ҷои корӣ дар минтақа, баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои мустаҳкам намудан ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъкид намуданд.